- дер
- [دير]1. бо диранг, таъхир, бо таъхир, муқоб. зуд: дер расидани ёрӣ, дер кардан ба кор2. муддати дароз, вақти бисёр, муддати тӯлонӣ: дер назар кардан ба чизе, дер фикр кардан, шодии ӯ дер давом накард; дертар а) бевақттар, бо таъхир (назар ба ҳарвақта); б) баъдтар, баъди гузаштани андак фурсат; дер боз бисёр вақт боз, хеле вақт ин ҷониб, кайҳо боз; дер гоҳ хело вақт, вақти зиёд; аз ҳама дер аз ҳама ақиб, пас аз ҳама; дер ё зуд дер аст ё зуд а) ягон вақт; вақташ ояд; б) дар ҳар сурат; дер истодан муддати зиёд қарор гирифтан; бисёр таваққуф кардан дар ҷое; дер кардан таъхир кардан дар коре; ақиб мондан; дер кашидан муддати зиёд давом кардан, тӯл кашидан: гуфтугузор бисёр дер кашид, интизорӣ дер накашид, маҷлис дер нахоҳад кашид, хурсандии ӯ дер накашид; дер мондан а) таъхир кардан, ҳаял кардан; б) муддати зиёд истодан дар ҷое; дер напоидан бисёр давом накардан, умри зиёд надидан (-и чизе); дер омадан таъхир карда омадан, ақиб монда омадан (назар ба вақти муқаррарӣ); дер шудан, вақт рафтан; бевақт шудан; гузаштани фурсати муносиби коре; дер поидан вақти зиёд пойдор будан, умри дароз дидан; дере нагузашта муддате нагузашта, фурсате нагузашта; пас аз андаке; ба зудӣ; дер-дер гоҳ-гоҳ, бо гузаштани вақти зиёд: дер-дер хабар гирифтан; дер ояд, шер ояд (зарб.) бо таъхир иҷро шавад ҳам, хуб иҷро шавад
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.